Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе дар пайи як амалиёти махсус 3 ҷавони сокини шаҳрро, ки ба бозии “Алик малик” машғул будаанд, боздошт кардааст. Гуфта мешавад, чунин амалиёт “бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсия пойтахт, роҳандозӣ мегардад.

“Дар ҷараёни ин амалиёти санҷишӣ 3 қиморбоз шаҳрвандон Юнусов Самандар Сафаралиевич, санаи тавалудаш 08.09.1995, Ризоев Комил Нуралиевич, санаи таваллудаш 15.10.1984 ва Шарофиддини Иноятшоҳ, санаи таваллудаш 26.11.2000 дастгир карда шуданд”.

Ба қавли милиса, номбурдагон қаблан низ барои ин кирдорашон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, барои дар оянда такрор накардани он расман огоҳонида шудаанд, аммо ин ҷавон, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд.

Вобаста ба ин, нисбати номбурдагон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо, дар намуди ҳабси маъмурӣ, ба муҳлати 10 ва 15 шабонарӯзӣ таъйин карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь