Шаҳрвандони Озарбойҷон, ки узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноии фаромиллӣ мебошанд, боздошт шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, панҷ шаҳрванди хориҷӣ В.М.Алиев, С.А.Бағиров, М.О.Асғаров, М.С.Беҳбудров ва З.И.Маммадов таваҷҷуҳи мақомоти амнияти миллии Қирғизистонро ба худ ҷалб кардаанд.
Тибқи маълумоти оперативӣ, ки ба даст расидааст, М.О.Асғаров дар олами ҷиноӣ мақоми «овора» дорад. «Бо мақсади таҳкими муҳити ҷиноӣ ва паҳн кардани идеологияи дуздон, инчунин баланд бардоштани мақоми худ, ӯ бо шарикони худ ба Қирғизистон омада, дар робита ба сиёсати ин давлат дар муборизаи фаъол алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, ки дар тамоми фазои пасошӯравӣ таъсири худро доранд, ба ҷони роҳбарияти ин кишвар суиқасд ташкил додааст ”, қайд карданд дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Ин афрод рӯзи 22-юми март боздошт шуданд. Барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон чораҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд.
Аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноии фаромиллиро, ки сӯиқасд ба ҷони раҳбарияти Қирғизистон омода мекарданд, Райимбек Матраимов (собиқ муовини сардори гумруки Қирғизистон – ред.) фиристода будааст. Дар ин бора Қанибек Туманбоев, мудири умури раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт.