Дузди маъруфе, ки дар силсиладуздиҳои пойтахт даст дошт ва дар олами ҷиноӣ бо номи “Кобра” машҳур шуда буд, оқибат ба даст афтод.

Кормандони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино шаҳрванд Маҳмадиев Умарҷон Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи кучаи Испечаки ноҳияи Синои пойтахт, ки собиқаи ҷиноӣ дошта дар байни олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Кобра» машҳур аст, бо гумони содир намудани силсилаҷиноятҳои дуздӣ дастгир карданд.

Бо бурдани корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро шабона содир намуда, тирезаҳои автомашинаҳои шаҳрвандонро ба шикаста, маблағҳои пуливу тефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи қимматнокро худ мекардааст.

Чунончӣ, шаби 1-уми феврали соли 2018 тирезаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ки дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт беназорат меистод, шикаста аз дохили автомашина телефони мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва видеорегистратору дигар ашёҳои арзишмандро дуздидааст.

Гумонбар аз дохили баъзе аз автомашинаҳо чизе наёфта бошад, ҳам вале бо шикастани тирезаҳои автомашина ба шаҳрвандон зарари калони моддӣ расонидааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани зиёда аз 30 лаҳзаи дигари ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон нисбати гумонбаршуда Маҳмадиев Умарҷон бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь