Ҳукумати Мянмар рӯзи чоршанбе хабар дод, ки полис ду рӯзноманигори хабаргузории Reuters – Ва Лоун ва Киав Со Ооро боздошт кард. Ин рӯзноманигорон дар бораи таъқиби мусалмонҳои Роҳинҷа дар аёлати Ракин матлаб таҳия мекарданд. Дар натиҷаи таъқиби низомиён наздики 650 ҳазор мусалмон ба Банғола фирор кардаанд.
Вазорати иттилооти Мянмар дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст, нисбати ду рӯзноманигор ва ду полис бар асоси қонуни сирри давлатӣ айб эълон шудааст, ки ин қонун ҳанӯз дар даврони истеъмории Бритониё қабул шуда буд. Муҳлати ниҳоии ҷазо бар асоси қонуни соли 1923-юм 14 сол аст.
Рӯзноманигорон «ғайриқонунӣ иттилоъ ҷамъ оварда, ният доштанд онро дар ихтиёри расонаҳои хориҷӣ гузоранд», омадааст дар изҳороти Вазорати иттилоот. Онҳо дар наздикии шаҳри асосии Мянмар – Рангун боздошт шудаанд.
Ва Лоун ва Киав Со Оо баъди он нопадид шуданд, ки шоми рӯзи сешанбе кормандони полис онҳоро ба ғизои шом даъват карда буданд.