Ду корманди Вазорати молия Тоҷикистон барои тақаллуб дар ҳуҷҷатгузорӣ ва аз худ кардани маблағи зиёд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Рӯзиева Наргис Меҳмондӯстовна ва Юсупова Таҳмина Ятимовна зиёдтар аз 4 миллион сомониро аз худ кардаанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Наргис Рузиева дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Таҳмина Юсупова дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро аз худ кардаанд.
Дар ин асос нисбат ба Рузиева Н.М. ва Юсупова Т.Я. бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.