Ҳафтаи сипаришуда зимни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои санҷишӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия 13 ҳолати машғул шудани шаҳрвандон ба сеҳру ҷодугарӣ ошкору муайян карда шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Инҳо Абдуллоев Ҳабибулло Мусовирович, 26.02.1966 соли таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи  Орҷоникидзе; Гадоева Гавҳарбӣ 1978 соли таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Лолазор; Мавлянова Замира 1970 соли таваллудаш, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма; Худоёрова Рузиой соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Устокорон; Юнусов Ҳайдар соли таваллуд 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Низомӣ; Муратова Шоира соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Арабхона; Наврузов Шариф соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи С.Вализода; Мирзохонова Ҳанифа соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳаи Ғаллаобод,  деҳаи Ҳақиқат; Сарматов Ашур Эргашович 16.03.1970 соли таваладаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ; Раҷабова Гулдаста, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Истиқлол; Сафаралиева Раиса соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Холиқов; Тағоева Шаҳло соли таваллуд 1971, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Олтинсой; Чуянова Ҳиҷронбӣ соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор буданд.

Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту ширкатҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь