Ду муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудаанд. Ин муфаттишон мехостанд, ки бо пора парвандаи ҷиноятиро нисбати як гумонбар қатъ кунанд.

Муфаттиши шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Розиқов Абдусамад Файзуллоевич ва муфаттиши ҳамин шуъба Маҷидов Шерхон Шодиевич бо маслиҳати пешакӣ аз шаҳрванд «А» барои нисбати ӯ қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2, банди «в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 8000 сомонӣ талаб кардаанд. Аз ин амали Розиқов Абдусамад ва Маҷидов Шерхон кормандони шуъбаи Раёсати Агентӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон огоҳ гардида, барои боздошт кардани онҳо чораи фаврӣ андешидаанд. Дар натиҷа 28-уми октябри соли 2017, тақрибан соати 10:30, Розиқов Абдусамад ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Розиқов Абдусамад Файзуллоевич ва ҳаммаслаки ӯ Маҷидов Шерхон Шодиевич бо моддаи 319, қисми 4, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь