Эмомалӣ Раҳмон дирӯз баъд аз сафари худ дар ноҳияи Восеъ ба ноҳияи дигари вилояти Хатлон – ноҳияи Муъминобод рафт ва дар расми ба кор оғоз кардани чанд корхоаву иншоот ширкат кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод дар ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи «Зартеппа»-и ноҳия, ба истифода додани корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ «Тоҷвайн», ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт, бинои нави Осорхонаи ноҳия, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани  8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминобод, ба кор оғоз кардани Комплекси агросаноатии ҶДММ «Заркорон» ба истифода додани 35 километр роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминобод ширкат кард. Сипас, ӯ дар бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Муъминобод мулоқот карда, дар назди онҳо суханронӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь