Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва мӯди UzTextile Expo Spring робитаҳои мустақими тиҷоратӣ барқарор кард ва имкониятҳои ҳамкориро тавсеа дод. Намоишгоҳ аз 29-ум то 31-уми майи соли 2023 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Намояндагони 23 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди риштаи омехта ва аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ ба намоишгоҳ рафтанд.

UzTextile Expo – намоишгоҳи байналмилалии нодир ва вижаи соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳар сол аз он бештар аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид мекунанд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то либоси тайёр ба маъраз гузошта мешавад. Чорабинӣ ҷиҳати дарёфти шарикон дар Узбекистон, бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор, кумак мекунад.

Ардашер Иброҳимов, муовини мудири ширкати “Business Consulting Group”, бар ин бовар аст, ки: “Намоишгоҳи Тошканд макони ихтирооти инноватсиониест, ки ба соҳаи дӯзандагӣ илҳом мебахшад. Ширкатҳои мо имкон пайдо карданд, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ, ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Ҳайати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз барномаи васеъи тиҷоратӣ, ба монанди ҳамоишу вохӯриҳои сершумори тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз ҷониби тарроҳони маъруф ва коршиносони соҳа ва ғайра баҳра бардошт. Иловатан, соҳибкорони тоҷик дар яклухтфурӯшиҳо ва шоу-румҳои ширкатҳо ва тоҷирони маҳаллӣ дар шаҳр ва вилояти Тошкант имкониятҳои ҳамкорӣ ҷустанд.

Абдурозиқ Орипов, мудири ширкати “Ортекс”, мегӯяд: “Иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид буд. Ин намоишгоҳ имкони хубе фароҳам овард, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор намоем ва бозори фурӯш ва хариди ашёи хомро васеътар созем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба трендҳои замонавии соҳа низ дарёфт кардем”.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва GIZ бар ин боваранд, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Боздид аз Тошканд ибтикори муштараки МТБ ва GIZ дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. “Лоиҳаи рушди интегратсионии деҳот” (IRDP)/“Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ” (TRIGGER)-ро Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH муштаракан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад. Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад ва ҳадафаш пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва фароҳам овардани шароит барои дарёфти имкониятҳои даромад ва ҷойи кор дар тамоми занҷираи арзиш мебошад. Ширкатҳои машваратии маҳаллӣ – “ACT Development” ва “Business Consulting Group” ҳайати Тоҷикистонро барои сафар омода карда, дар намоишгоҳ онро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь