– Ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соли 2023-юм 22 ҳазору 701 сайёҳ омада аз мавзеъҳои сайёҳӣ дидан кардаанд, ки нисбат ба соли пеш беш аз 5 ҳазор сайёҳ зиёд аст, – гуфт Нишонзода Даврон, раиси ноҳияи мазкур, дар нишасти хабарӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 22 ҳазору 701 сайёҳе, ки ба ноҳия омаданд, 3 ҳазору 97 сайёҳи хориҷӣ ва 19 ҳазору 622 сайёҳи додилӣ мебошанд.

– Дар ин сол шумораи боздиди сайёҳон ба ноҳия 3725 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва 1729 сайёҳи хориҷӣ зиёд мебошад, – илова кард раиси ноҳия.

Гуфта шуд, ки дар ин ноҳия маъруфтарин маконҳои сайёҳи “Бешаи палангон” ва мақбараи “Зайналобиддин” мебошад, ки бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин маконҳо диданд кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь