Судяи суди ноҳияи Панҷ Зайдуллозода Сайидаҳмад, ки як сол қабл ба ин вазифа таъйин гардида буд, аз ҷониби як сокини ноҳия мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Худи судя Зайдуллозода дар сӯҳбат бо farazh.tj гуфт, ин воқеа соати 12-и рӯзи гузашта, 16-уми ноябр дар утоқи кориаш рух додааст ва сабаби асосии он норозӣ будани шаҳрванд аз ҳалномаи судӣ будааст.

Ба гуфтаи Зайдуллозода, ӯ парвандаи оилавиро барои маскун намудани ҳамсар ва фарзандон баррасӣ карда, ҳалнома баровардааст, вале Додов Шарофиддин Аловиддинович, шавҳари зан, ки рӯзи гузашта барои гирифтани ҳалнома омадааст, бо изҳори норозигӣ, дар пайи ҳамлаи лафзӣ аз гиребонаш дошта, чанд мушт задааст.

– Дирӯз, вақте Додов Шарофиддин барои гирифтани ҳалнома омад, бо қаҳр ба ман гуфт, ки бояд ман ин корро намекардам ва зану фарзандонашро маскун намекардам, вале ман ба вай фаҳмонидам, агар аз ҳалнома розӣ набошад, марҳамат ба судҳои болоӣ муроҷиат кунад. Аммо ӯ аз гиребонам дошту як мушт дар қафаси сина ва яктои дигар ба пешониам зад, – гуфт судя.

Зайдуллозода гуфт, феълан дар ин маврид зиёд суҳбат карда наметавонад, зеро корафтодагони зиёд пушти дари утоқи кориаш истодаанд.

Ин дар ҳолест, ки тобистони гузашта раиси суди ноҳияи Панҷ Раҳимзода Давлатманд низ аз ҷониби сокини ҳамин ноҳия Диловар Олимов бо табар мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Он замон судя Раҳимзода барои ду фарзанди Олимов аз зани дуюмаш дар умум 250 сомонӣ пардохти алимент ҳалнома бароварда буд. Судя, ки дар ин ҳамла ҷароҳати вазнин набардошта буд, пас аз 12 рӯз ба кор баргашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here