Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид бо назардошти низоъҳои ҷаҳонӣ, бӯҳрони иқлимӣ ва пандемии коронавирус ба маблағи бештар бо рекорди нав дар соли 2022 ниёз дорад.

СММ дар гузорише дар Женева ба маблағи 9,4 миллиард доллар кумаки молӣ дархост кардааст. Ин созмон мехоҳад ба 177 миллион ноболиғ дар беш аз 140 кишвари ҷаҳон кумак кунад.

Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, аз ин ҳисоб танҳо 2 миллиард доллар барои 13 миллион кӯдаки афғон ҷудо хоҳад шуд.

Ҳенриетт Чор, дректори иҷроияи ЮНИСЕФ, тавзеҳ медиҳад, ки вазъи бади кӯдаконе, ки аз таъсири тағирёбии иқлим зарар дидаанд, аз вазъи фалокатбори иқтисодии пас аз пандемияи коронавирус ва афзоиши камбизоатӣ шадидтар шудааст.

Пештар Барномаи ҷаҳонии озуқа дар СММ, шумораи афроди дар хатари гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон қарордоштаро 45 миллион нафар зикр карда буд. Ба хусус, дар Афғонистон шумораи одамоне, ки хавфи гуруснагии шадид доранд, меафзуд.

– Даргириҳо, тағйирёбии иқлим ва COVID-19 афзоиши шумораи гуруснагонро суръат бахшиданд. Тадқиқоти ахир нишон медиҳад, ки беш аз 45 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, – гуфта буд Дэвид Бисли, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқа.

Ба зикри пештари Барномаи ҷаҳонии озуқа, ин афзоиш асосан ба зиёд шудани шумори афроде, ки бо хатари гуруснагӣ дар Афғонистон ҳастанд, марбут буд.

Вазъи фақр дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар моҳи август ва зери роҳбари Толибон қарор гирифтани кишвар, бадтар шуд. Ҳоло наздик шудани зимистон вазъиятро нигаронкунанда карданист. Тибқи маълумоти Маркази парҳезии СММ, новобаста аз кӯдакон, ҳамзамон 95 дарсади афғонҳо дар ҳоли ҳозир ғизои кофӣ намехӯранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь