Даври дуюми иқдоми «Ҳамқадами замон» ҷамъбаст гардид ва боз 100 нафар мизоҷи бахши интиқоли пулии Бонки Эсхата, ки тариқи ғайринақдӣ маблағҳои худро қабул кардаанд, соҳиби 600 сомонӣ туҳфаи пулӣ гариданд.

Фонди туҳфавии даври дуюми Аксия 60 000 сомониро ташкил дод.

Номи мизоҷони бурдкарда дар сомонаи Бонк ҷойгир карда шуданд:  http://eskhata.com/hamkadam.php?nomobile=1

Барои онҳое, ки то ҳол аз ин иқдом бехабар ҳастанд, хотиррасон мекунем, ки дар пеш шуморо даври сеюм бо фонди туҳфавии 90 000 сомонӣ интизор аст. Яъне боз 100 нафари дигар соҳиби 900 сомонӣ туҳфаи пулӣ хоҳанд шуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Бонки Эсхата дар бораи оғози иқдоми “Ҳамқадами замон” эълон кард, ки он аз 3 даври байнимарҳилавӣ ва даври финалии асосӣ иборат аст.

Дар ҷамъбасти даври финалӣ, 12 адад туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва аз ҳама муҳимаш туҳфаи асосӣ Автомобили Хундай Аксент,  ки аз Hyundai Auto Tоҷикистон харидорӣ шудааст, бурд карда мешаванд!

Он мизоҷоне ки интиқоли пулии худро тариқи ғайринақдӣ аз хешовандони дар хориҷа буда ба ҳамёни электронӣ, суратҳисоби бонкӣ ва корти пардохтӣ қабул мекунанд, иштирокчии Аксия мегарданд. Бояд ёдовар шавем, ки ҳаҷми интиқол набояд аз 5000 рубли ФР кам гардад.

Мутобиқ ба шартҳои Аксия ба қабулкунандаи интиқоли пулӣ ID рақам дода мешавад, ки дар бурди туҳфаҳои байнимарҳилавӣ ва асосӣ иштирок мекунад.

Пулҳои худро дар як лаҳза қабул кунед ва имконияти бурди туҳфаҳои

арзишнокро дар доираи Аксияи “Ҳамқадами замон” ба даст оред.

Боз ду марҳила боқӣ мондааст, аз ин рӯ шитобед то имконияти бурди туҳфаи асосӣ Автомобили Хундай Аксентро аз даст надиҳед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь