Аз 1 то 7-уми июл бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, дар Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, 27 дастаи олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок мекунанд.

Инчунин, хонандагон аз Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шриланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, барои баргузории олимпиадаи мазкур қарори раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2022 «Дар бораи баргузории Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» ба тавсиб расидааст.

Ҳадаф аз баргузории он амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мебошад.

Ёдовар мешавем, аз 1 то 10 июли соли 2021 аз ҷониби Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior» баргузор гардид, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тариқи фомсилавӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм  гардида буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь