Бонки миллии Тоҷикистон номи 1362 нафар аз шаҳрвандони кишварро, ки аз ҷониби мақомоти амниятӣ ва интизомии ҷумҳурӣ ба терроризм рабт дода мешаванд, нашр кард, то ба онҳо ёрии молӣ расонида нашавад.
Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин феҳрист номи 1141 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ва Ироқ узви гурӯҳҳои террористӣ шуданд ва шахсоне, ки дар дигар кишварҳо таҳти пайгард қарор доранд, ҷо дода шудааст.
Дар ин феҳрист номи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи гурӯҳи террористии ДИИШ Парвиз Сайидраҳмонов, раиси ҳизби мамнӯъшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мушоҳида мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар феҳристи қаблии афроди ба терроризм рабидошта аз ҷониби Бонки милли Тоҷикистон, ки дар моҳи марти имсол нашр шуда буд, номи 48 нафар ба унвони аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва 157 тан ба унвони афроди таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта, ба назра мерасид.
Банди дуюми рӯйхат созмонҳои ифротӣ ва террористӣ аст ва дар он мутаносибан номи 9 ва 10 созмон сабт шудаанд, ки ҳизби мамнӯъшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон шомили ҳар ду гурӯҳ мешавад.