31 октябр ББАМ (Биржаи байнибонкии асъории Москва) ба муомилоти асъории TJS/RUB дар биржаи асъорӣ оғоз кард.

Санаи 7 ноябр Бонки Эсхата ва ББАМ дар таърихи ББАМ аввалин муомилотро бо сомонӣ нисбат ба рубли русӣ амалӣ намуданд. Акнун тамоми муассисаҳои молиявие, ки ба платформаи асъории Бонки Эсхата шомил ҳастанд, метавонанд аз рӯи ҷуфти асъори TJS/RUB амалиётро анҷом дода, талаботи худро ба муомилоти асъорӣ қонеъ созанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2022 Бонки Эсхата аввалин бонк дар Тоҷикистон гардид, ки ба муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи электронии савдои асъори NTPro пешниҳод намуд, ки дастрасии мустақимро ба Биржаи байнибонкии асъори Москва фароҳам меорад.

Аз соли 2016 Бонки Эсхата иштирокчии муомилот дар биржаи асъор буда, аввалин бонке дар Тоҷикистон гардид, ки ББАМ бо он созишномаи ҳамкорӣ бастааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь