10-умин солгарди Ҳафтаи умумиҷаҳонии маърифатнокии молиявӣ (GMW) муборак бошад! Ин як фурсати хубест барои табрики тамоми дастаи ин маъракаи глобалӣ ва бори дигар хотиррасон кардан, ки фаъолияти онҳо дорои хусусияти муҳими иҷтимоӣ буда, барои баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Бонки Эсхата аз соли 2017 инҷониб ба маъракаи GMW ҳамроҳ шудааст. Аз он вақт инҷониб, Бонки Эсхата дар қатори дигар муассисаҳои молиявии саросари ҷаҳон дар он саҳм гузоштааст, ки ҷавонон аз хурдсолӣ дониш, малака, муносибат ва рафтори зарурӣ барои қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ ва дар ниҳоят ба некӯаҳволии молиявӣ ноил гарданд.

Бо ин мақсад Бонки Эсхата ҳамасола дар чорабиниҳои GMW фаъолона ширкат меварзад ва имсол низ истисно нахоҳад буд. Имсол мо таҳти шиори GMW-2022 «Аз ҷиҳати молиявӣ саводнок шав, аз Эсхата онлайн истифода намо» озмунро бо тӯҳфаҳои арзишманд эълон менамоем. Шартҳои муфассали озмунро метавонед дар инҷо пайдо кунед https://t.me/bank_eskhata

То имрӯз дар доираи GMW Бонки Эсхата ба беш аз 10 000 нафар мактаббачагон ва донишҷӯён саводи молиявиро омӯзонидааст, зиёда аз 20 000 корбарони саҳифаи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявиро дарк кардаанд. Бонки Эсхата дар маъракаи “Ҳафтаи умумиҷаҳонии маърифатнокии молиявӣ” иштирок намуда, бо камоли мамнун аст, ки дар баланд бардоштани фарҳанги пасандозҳо дар байни аҳолӣ ва тарбияи насли аз ҷиҳати молиявӣ саводноки кишварамон саҳми худро мегузорад.

10 -умин солгарди муборак! Бигзор кори хайрхоҳу муштараки мо обод гардида, ҳадафҳо амалӣ шаванд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь