Соҷида Аҳмедова, бонуи соҳибкори муваффақ, мизоҷи Бонки Эсхата аст. Вай тиҷорати худро дар соли 2006 таъсис додааст. Дар Маркази савдои «Панҷшер»-и Душанбе як ҳуҷраи хурде ба иҷора гирифта, толори арӯсӣ кушод. Сараввал аз 10 куртаи арӯсӣ оғоз кард, ки онро ба иҷора пешниҳод мекард.

Оҳиста-оҳиста тиҷорати ӯ то ба 30 либоси арӯсӣ ва ҷои иловагӣ барои иҷора васеъ шуд. Солҳои 2010-2011 Соҷида дар Душанбе боз ду толори кошонаи ҳуснро боз кардааст. Ба шарофати меҳнатдӯстӣ, ҳадафрасӣ ва таҷрибаи ғании фаъолияти соҳибкорӣ ӯ имрӯз мавқеи ва даромади устувор дорад. Маҳз ҳамин гуна занони Тоҷикистон намунаи бонуи муваффақ ҳастанд, ки метавонанд дигар бонувонро барои оғоз ва рушди соҳибкорӣ илҳом бахшанд. Барномае чун “Занҳо дар тиҷорат” бошад занони соҳибкори Тофикистонро дастгирӣ хоҳанд кард.

Рӯзи 20 декабр дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ» -и ш.Душанбе вохӯрӣ бо занони соҳибкор баргузор гардид. Ин нишаст дар доираи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” ташкил ва баргузор шуд. Шарики барнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи лоиҳаи CAWiB мебошад.

Барнома ба рушди соҳибкории занон тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба молия ва  технологияи зарурӣ барои рушди тиҷорат мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки барномаи “Занҳо дар тиҷорат” бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд ва Бонки Эсхата аввалин бонк дар кишвар буд, ки шарики ҳамин барнома гаштааст.

Вохурӣ бо сиҳибкорзанон, ки дар шакли семинар баргузор гардид, беш аз 30 нафар занони соҳибкор ва дигар меҳмонони даъватшуда аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.

Ментори семинар ҳамоҳангсози лоиҳаи «Зан дар тиҷорат», корманди Бонки Эсхата Масъуда Зиёбоева буд.

Фуркатулло Исматуллоев, Сардори Департаменти маркетинг ва рушди Бонки Эсхата бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба меҳмонон ва иштирокчиён барои қабули даъват изҳори сипос намуд.

Сипас, Малика Абдулвасиева, мушовири БАТР CAWIB дар Тоҷикистон оид ба барномаи “Занҳо дар тиҷорат”шарҳи мухтасар дод. Инчунин, дар мавзӯи «Ҷанбаҳои гендерӣ ва монеаҳо дар самти дастрасии занон ба маблағгузорӣ» аз ҷониби Лола Салимова коршиноси миллии гендерии БАТР ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Инчунин аз ҷониби Виктория Петрова, мутахассиси SMM-и IWPR омузиш дар мавзуи «Пешбурди тиҷорат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ» гузаронида шуд.

Мадина Ғафорова, иқтисодчии пешбари бахши қарздиҳии корпоративии Бонки Эсхата, маҳсулоти “Имкон”-ро муаррифӣ кард, ки он маҳсулоти қарзӣ барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон аст.

«То имрӯз маблағи пешниҳодшудаи қарзи «Имкон» беш аз 39 млн. сомониро ташкил дода, теъдоди мизоҷонаш 1,5 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Мо шодем, ки шарики барномаи «Занҳо дар тиҷорат» ҳастем ва дар якҷоягӣ бо БАТР дар пешрафти минбаъдаи тиҷорати занони тоҷик саҳм мегузорем. Имрӯз бонувон дар самти тиҷорату соҳибкорӣ баробари мардон бомуваффақият фаъолият мекунанд ва мизоҷони бовиҷдонтарини бонк мебошанд.

Бонки Эсхата нақша дорад, ки якчанд вохӯриҳои дигарор бо занон ташкил намояд, аммо даъфаи навбатӣ барои соҳибкорзанони вилояти Суғду Хатлон», – гуфт Умарҷон Умаров, сардори Департаменти тиҷорати корпоративӣ ва миенаи Бонки Эсхата.

Вохӯрӣ бо фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёни семинар ба анҷом расид, ки метавон аз он хулосабардорӣ кард –  онҳо ба мушоиати техникӣ дар шакли машваратҳои мутахассисон ва семинарҳо ниёз доранд. Иштирокчиени  вохурӣ ба созмондиҳандагони чорабини изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки бо хоҳиши баланд дар чорабиниҳои навбатии барномаи «Зан дар тиҷорат» иштирок хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here