Марҳилаи охирони аксияи “Бурди афсонавӣ” ва ҳамзамон худи аксия низ ҷамъбаст гардид. Фурсати он расид, ки ғолибони даври чоруми аксияро эълон намоем.

Айни ҳол мо метавонем, танҳо рақами он купонҳоеро, ки бурд карданд нашр намоем. Ном ва насаби ғолибонро дар нашрияҳои навбатӣ ва бо розигии худи мизоҷон эълон менамоем.

Инак купонҳои зерин соҳиби роҳхат ба Дубай барои ду нафар гаштанд:

  1. рақами купон 1153101, ш. Душанбе
  2. рақами купон 2153342, ш. Хуҷанд
  3. рақами купон 3150430, ш. Исфара

Смартфон iPhone 13 Pro Max-ро фаъолтарин иштирокчии аксия – мизоҷи филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ш.Душанбе, ки шумораи бештари купонҳоро дар моҳи декабри соли 2022 ба даст овардааст, бурд кард.

Ғолибон тавассути интихоби тасодуфӣ дар назди комиссияи махсус муайян карда шуданд, ки онҳоро сидқан муборакбод менамоем!

Хотиррасон карданием, ки аз ҷониби Бонки Эсхата аксияи “Бурди афсонавӣ” аз санаи 09.09.2022 то 31.12.2022 сол гузаронида шуд. Дар доираи аксияи мазкур мизоҷоне, ки бо корти VISA дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва инчунин аз интернет ба маблағи на кам аз 100 сомонӣ хароҷот кардаанд, имконият доштанд роҳхатҳоро ба давлатҳои хориҷӣ ва смартфон iPhone 13 Pro Max бурд намоянд.

Ҳамин тавр, дар доираи аксия ҳамагӣ 12 адад роҳхат ба давлатҳои Миср, Туркия ва Дубай бурд карда шуданд. Чор нафар фаъолтарин иштирокчиени аксия бошанд соҳиби iPhone 13 Pro Max гардиданд.

Аксияи  “Бурди афсонавӣ” ба охир расид! Аммо дар пеш ҳоло боз аксия ва пешниҳодҳои ҷолибро Бонки Эсхата ҳатман пешкаш медорад. Моро дар шабакҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма пайгирӣ намоед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь