Тараққиёти соҳибкории занҳо дар авҷ аст. Бонувон барои рушди тиҷорати худ бештар имкониятҳоро ҷустуҷӯ доранд. Имрӯз, ба шарофати технологияҳои нав, онҳо бисёр роҳҳои наву инноватсионии пешбурди тиҷоратро истифода бурда метавонанд. Масалан, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ба як самти муҳими тиҷорат табдил ёфтааст, то тиҷорати соҳибкор дар бозор актуалӣ бошад.

“Рақамикунонии тиҷорат ва рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон”- мавзӯи конфронс аст, ки рӯзи 26 майи соли ҷорӣ дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон баргузор шуд.

Конфронс дар доираи барномаи “Занҳо дар тиҷорат, лоиҳаи CAWiB, ки шарики он Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) мебошад, гузаронида шуд. Барнома ба рушди соҳибкории занон тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба молия ва  технологияи зарурӣ баҳри рушди тиҷорат мусоидат мекунад.

Дар конфронс зиёда аз 60 нафар занони соҳибкор, намояндагони Ҳукумати вилоят, ширкатҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ, инчунин бонкҳо – шарикони барнома, аз ҷумла Бонки Эсхата, гирди ҳам омаданд.

Масъуда Зиёбоева, и.в. Директори Филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар ноҳияи Б.Ғафуров дар муҳокимаи гурӯҳӣ, ки мавзӯи «Таҷрибаи маблағгузорӣ ва татбиқи хизматрасониҳои ғайримолиявӣ барои занони соҳибкор дар доираи лоиҳаи БАТР «Зан дар тиҷорат дар Осиёи Марказӣ», дурнамои тиҷорат ва тавсияҳо оид ба рушди рақамикунонӣ дар тиҷорат”-ро дар бар гирифт, баромад карда ба саволҳои ҳозирин посух дод.

Иштирокчиёни ҷаласа бо фаъолияти Бонки Эсхата дар самти дастгирии соҳибкории занон дар Тоҷикистон  ва маълумотҳои оморӣ оид ба маҳсулоти қарзии «Имкон», ки аз ҷониби Бонки Эсхата барои рушди соҳибкории занон пешниҳод мегардад, шиносоӣ пайдо намуданд.

Бояд қайд кард, ки Бонк то имрӯз ба зиеда аз 2800 нафар занони соҳибкор зиеда аз 184 млн. сомони маблағи қарзии “Имкон”-ро пешниҳод намудааст.

Аз тарафи кормандони Бонки Эсхата навори “Таърихи муваффақияти мизоҷ” намоиш дода шуд, ки дар он мизоҷи бонк – Гузал Давлатова, роҳбар ва муассиси Маркази таълимии “Сириус” дар ш. Хуҷанд дар бораи дастовардҳои худ нақл карда, ба соҳибкорзанони нав оид ба сирри тиҷорати муваффақ нақл кард. Ӯ дастгирии молиявӣ ва техникии Бонки Эсхатаро дар густариши фаъолияти соҳибкории худ муҳим дониста, барои пешравӣ ва рушд ҳамаро даъват менамояд.

Бо истифода аз чунин наворҳо, Бонк кӯмаки худро дар рушди соҳибкории занони кишвар намоиш медиҳад ва инчунин дар доираи яке аз Ҳадафҳои рушди устувори худ, яъне “Баробарии гендерӣ” (ҲРУ 5) ба баланд бардоштани сатҳи тиҷорати занон мусоидат мекунад, алалхусус дар сегменти қарзҳои микро.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь