Дар соли ҷашни Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Эсхата фаъолияти худро бо ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкӣ (МХБ) дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ).

Ин аввалин маркази хизматрасонии бонкии Бонки Эсхата дар ин минтақа аст, ки дар суроғаи Шотемур 340 дар маркази шаҳри Хоруғ, маркази савдои Памир Плаза ҷойгир аст.

Дар маросими ифтитоҳи марказ муовини раиси ВМКБ Анвар Имматшозода, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, раиси бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ВМКБ Зайнулараб Қоимдодова, дигар меҳмонон ва кормандони Бонки Эсхата иштирок доштанд.

Маркази хизматрасонии бонкӣ таҳти роҳбарии Ҷумъахон Ҷумахонов омода аст, ки ба мизоҷон хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод намояд, аз қабили қарзҳо, интиқоли пулӣ, мубодилаи асъор, кортҳои пардохтӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ.

Барои мо боиси ифтихору хурсандист, ки маркази хизматрасонии бонкӣ дар ш.Хоруғ бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар маросими кушодашавии марказ меҳмонони воломақом, мизоҷону шарикон иштирок доранд.

Шаҳри Хоруғ аз даври қадим моҳияти ифтихори ҳамаи бадахшониён буд, ҳаст ва мемонад. Ҳоло Хоруғ маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад, ки аз як деҳаи кучак ба яке аз шаҳрҳои зебою хушманзараи Тоҷикистон табдил ёфт.

Боварии комил дорем, ки бо ташкили МХБ Бонки Эсхата дар ш.Хорӯғ мо баҳри пешниҳоди хизматрасонии хубу босифат ба мардуми ин сарзамини хурраму обод ва саҳми босазо ба рушди иқтисодиети кишвар мусоидат хоҳем кард” – иброз дошт директори филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ш.Кулоб Эркин Баротов.

Хуш омадед ба МХБ Хоруғ!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь