Боиси ифтихор аст, ки Бонки Эсхата чорумин маротиба ҷоизаи “Бренди сол”-ро эътироф гардид,  ки сетои он ҷоизаи тиллоӣ аст. Бонк ин ҷоизаҳоро ба туфайли эътимод ва ҳамкории дуҷониба бо мизоҷону шариконаш сазовор гардид. Пас ҷоизаи навбатии тиллоии “Бренди сол – 2022” бар шумоен низ муборак бошад!

Имсол маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022» санаи 26 апрел дар толори “Кохи Суруш”-и ш.Душанбе баргузор гардид. Ҷоизаи тиллоӣ ба намояндагони Бонки Эсхата Фуркатулло Исматуллоев, сардори Департаменти маркетинг ва рушд ва Шуҳрат Орипов, директори филиали Бонки Эсхата дар ш.Душанбе супорида шуд.

“Ин ҷоизаи бонуфуз, ки самаранокии идоракунии бренди Бонкро таъкид карда, аз сатҳи баланди эътирофи Бонки Эсхата дар кишвар шаҳодат медиҳад, барои мо дастоварди бузург аст. Ҷоизаро бо камоли мамнуният ба гӯшаи дастовардҳои Бонки Эсхата месупорам, ки дар тӯли солҳои оянда аз қуллаи шараф моро ёдовар мешавад» – иброз дошт Фурқатулло Исматуллоев.

Озмуни “Бренди сол” таҳти унвони “Қуллаи шараф” ҳар сол аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар озмуни ҷорӣ 110 бренд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд ширкат варзиданд. Ғолибони озмунро ҳакамони мустақил иборат аз намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ намудаанд.

Чуноне ташкилкунандагони озмун дар нашрияҳои худ қайд карданд,

ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур – ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорон ба моҳият ва нақши бренд дар тиҷорат, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои ба даст овардани тамғаи молӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь