ҶСК «Бонки Эсхата» барои мизоҷони худ – соҳибкорони хурду миёна ва инчунин мизоҷони корпоративӣ дар мавзӯи «Менеҷмент дар давраи бӯҳронӣ» семинар ташкил намуд.

Семинар аз санаи 23 то 24 майи соли равон дар шаҳри Душанбе, дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Атлас» баргузор гардид. Барои гузаронидани семинар муассис ва шарики роҳбарикунандаи ширкати “TOP Consulting” Мирзоиброҳим Иброҳимов даъват карда шуд. Дар семинар намояндагони ширкатҳои ҶДММ «Тоҷпласт -1», ҶДММ «Моҳи Дона», ҶДММ «Мурғи Шох», ҶДММ «Дунеи кудакон», ҶДММ «Таҷеро», «Телеком Технолоҷи» ва ғайра ширкат варзиданд.

«Тағйирот дар тамоми замони инсоният руҳ медиҳад, танҳо фарқият дар он аст, ки суръати онҳо меафзояд. Тадбирҳои пешакии андешидашуда ва тайёрӣ ба дигаргуниҳо ба соҳибони тиҷорат барои нигоҳдорӣ ва рушди соҳибкорӣ ёрӣ мерасонанд, зеро кризис имкониятҳои навро мекушояд. Вазифаи ман нишон додани роҳи он аст, ки дар давраи бӯҳрон чӣ гуна мушкилотро ба имконият табдил додан мумкин аст. Чӣ қадаре ки корхона аз ӯҳдаи ҳалли он мушкилиҳо баромада тавонад, ҳамон қадар рушд мекунад”, – гуфт Мирзоиброҳим Иброҳимов.

Дар рафти семинар иштирокчиён ба корҳои амалӣ ҷалб карда шуда, аз уҳдаи иҷрои супоришҳо нағз баромаданд. Дар фарҷоми семинар ҳар як иштирокчӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, ба тренер ва Бонки Эсхата барои пешниҳоди имконияти омӯхтани усулҳо ва роҳҳои идоракунии соҳибкорӣ дар давраи бӯҳрон изҳори сипос намуд.

Далер Гуломқодиров, директори тиҷоратии ширкати Telecom Technology: «Ман шод ҳастам, ки дар семинари TOP Consulting, ки аз ҷониби Бонки Эсхата барои мизоҷонаш ташкил карда шудааст, иштирок кардам. Боиси хушнудист, ки бонк дар бораи устувории мизоҷони худ ғамхорӣ мекунад. Хусусияти семинари мазкур дар иртиботи зич байни тренер ва иштирокчиён буда, ман тавонистам посухи дақиқро ба саволҳо худ бигирам”

Матин Негматов, раиси ҶДММ «Дунёи кудакон»: «Семинари омузишӣ хеле муфид буд, махсусан дар замоне, ки дар ҷаҳон вазъияти бӯҳронӣ вуҷуд дорад. Миннатдории худро ба тренери семинар изҳор намуда, мехоҳам Бонки Эсхатаро дар алоҳидагӣ қайд намоям. Ширкати мо бо Бонки Эсхата зиёда аз 3 сол боз ҳамкорӣ дорад. Бонк доимо ба мизоҷонаш ғамхорӣ карда, дар дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ саҳми босазо дорад”

Дар навбати худ тренери семинар Мирзоиброҳим Иброҳимов қайд кард: «TOP Consulting ба Бонки Эсхата барои фароҳам намудани шароити қулай барои вохӯрӣ бо чунин ашхоси олиҷаноб – муассисони ширкатҳо, намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои пешқадами бахшҳои гуногун, изҳори сипосмандӣ баён менамояд. Ду рӯз хеле тез гузашт, вале ман фикр мекунам, ки иштирокчиён аз дастовардҳои худ қонеъ нашуда, дониши гирифтаашонро дар амал татбиқ хоҳанд кард».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь