Бонки Эсхата ҳамаи кортҳо, аз ҷумлаи корти VISA-ро низ, бепул ба мизоҷони худ пешниҳод мекунад. Акнун шаҳрвандон дар баробари фармоиш додани Корти миллӣ ва Корти локатӣ, корти VISA-ро низ  бидуни депозити суғуртавӣ ва бе рафтан ба филиали бонк имкон доранд, ки ройгон фармоиш диҳанд.

Муҳлати корт 5 сол буда, аз 11.12.2023 то 01.04.2024 сол дастрас аст. Шаҳрвандон метавонанд кортҳои VISA Classic ва VISA Gold-ро бо суратҳисоби ҳам сомонӣ ва ҳам доллари ИМА тавассути барномаи мобилии “Эсхата Онлайн” бепул дастрас намоянд.

Дар барномаи асосии «Эсхата Онлайн» ба бахши «Карты и счета» ворид шуда, дар поёни экран тугмачаи «Добавить карту или счёт»-ро пахш карда, сипас «Заказать карту», корти лозимаи VISA-ро интихоб намоед ва аз ҷои нишаст ба таври онлайн фармоиш диҳед. Ҳамин тариқ метавонед дигар намуди кортро низ дархост намоед.

Агар то ҳол “Эсхата Онлайн”-ро насб накарда бошед, пас барномаи мобилиро аз ин ҷо  боргирӣ кунед.

Афзалияти асосии корти VISA ин эътирофи байналмилалӣ аст. Ба шарофати ин, шаҳрвандон метавонанд, корти VISA-и худро тақрибан дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон барои пардохти молу хизматрасониҳо истифода баранд. Новобаста аз он ки мизоҷон дар зодгоҳи худ ҳаст ё ба хориҷа сафар мекунад, корти VISA ҳамеша муфид хоҳад буд. Агар суратҳисоби корти VISA сомонӣ бошад ва шаҳрвандон дар хориҷа қарор доранд, пас ҳангоми пардохт бо корт пул ба таври автоматӣ ба асъори дилхоҳ табдил меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь