Бонки Эсхата бо дархости сершумори дорандагони кортҳои пардохтии ин бонк ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16 -уми Шурои Олии ҶТ иқдомро таӽти унвони “Хариди бурднок” идома медиҳад. “Хариди бурднок” барои мизоҷон-дорандагони кортҳои пардохтии Бонк Эсхата пешбинӣ шудааст, ки дар марказҳои савдою хизматрасонӣ ё аз нуқтаӽои таъмини сузишворӣ на кам аз 30 сомонӣ харид мекунанд.

Иқдом аз 16– уми октябр то 31 декабри соли 2017 гузаронида мешавад. Фарогирии иқдом ин дафъа васеъ карда шуда, тамоми минтақаӽои ҷумӽуриро, ки дар он ҷо POS-терминалӽо насб шудаанд, дар бар мегирад. Ғолибони иқдом дар ду давра муайян карда мешаванд. Интихоби ғолибон ба таври тасодуфӣ муайян мегардад. Фонди тӯҳфаҳо аз мукофотҳои пулӣ муқаррар карда мешавад, дар даври аввал 23 нафар ғолиб  аз 23 филиали Бонки Эсхата муайян гардида, ҳар яке бо 500 сомонӣ мукофотонида мешаванд.  Дар даври дуюм 3 нафар ғолиб, ӽар яке 2500 сомонӣ бурд мекунанд. Ҳамчунин, иштирокчиёни аз ҳама фаъол соҳиби мукофотҳои пулӣ мегарданд.

Ҳар як харид бо ирсоли рақами пардохтӣ ба телефони мизоҷ ба роҳ монда мешавад.

Ин иқдом ба соҳибкорон барои татбиқи Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи рушди пардохти ғайринақдӣ тариқи кортҳои пардохтӣ” мусоидат карда, барои шаҳрвандон имконияти бурди тӯҳфаҳои пулиро фароҳам меорад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь