Бонки Эсхата дар натиҷаи иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» ба ҷоизаи бонуфузи тиллоии «Бренди сол-2017» сазовор шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти ин бонк хабар доданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар толори меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе гузаронида шуд. Чорабинӣ роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва муассисаҳои пешсаф ва машҳури кишварро аз соҳаҳои гуногуни иқдисодиет ҷамъ овард ва дар қатори онҳо Бонки Эсхата низ даъват карда шуда буд.
Бонки Эсхата бори нахуст дар озмуни «Бренди сол» ширкат варзида, ба руйхати ҷоизадорон ворид гашт. Ҷоиза ба намоянда аз роҳбарияти бонк, аъзои Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Толибҷон Исроилов супорида шуд.
«Сазовор шудан ба чунин ҷоизаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ, ки идоракунии пурсамари бренд ва дараҷаи баланди шинохти Бонки Эсхатаро дар Тоҷикистон нишон медиҳад, бароямон бисер пурифтихор аст. Ман бо камоли хурсандӣ ин ҷоизаро ба гӯшаи дастовардҳои бонк месупорам. Бигзор «Бренди сол-2017» моро солҳои сол оиди қуллаи шарафи Бонки Эсхата ёдовар гардонад» – гуфт Т. Исроилов
Дар навбати худ сардори шӯъбаи маркетинги Бонки Эсхата Фуркатулло Исматуллоев дар ин мавзӯъ чунин иброз дошт:
«Ҷоизаи «Бренди сол-2017» далели сифати хизматрасонӣ ва устувории Бонки Эсхата мебошад, ки мизоҷон дар вақти интихоби ин ё он бонк метавонанд ба он такя намоянд. Мо фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани бренди Бонки Эсхата идома дода, кӯшиш мекунем, то ки дар оянда боз соҳиби ҷоизаҳои «Бренди сол» дар Тоҷикистон гардем».
Бонки Эсхата сипосмандии худро ба ташкилкунандагон ва шарикони озмун мерасонад, ки дар муаррифӣ кардани на танҳо мақом, шинохти бонк ва тамғаи тиҷоратӣ, балки нишон додани сифати хизматрасонӣ низ имконияти хуб фароҳам оварданд. Миннадории самимонаро Бонки Эсхата ба мизоҷон ва шариконаш мерасонад, зеро бе дастгирӣ ва ҳамкории пурсамари дуҷониба сазовор шудан ба ягон намуди ҷоиза ғайриимкон аст.