Аз  ҷониби ташкилоти қарзи молиявии минтақаи Бохтар  дар 6 моҳи аввали соли 2023 ба маблағи 1,2 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст.

Қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 319,7 млн. сомонӣ ё 36,4% зиёд мебошад. Дар ин бора Самадзода Фирдавс ,мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, тақсимоти соҳавии қарзҳои додашуда дар минтақа нишон дод, ки ҳиссаи асосии қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ 30,0%, саноат 4,4%, сохтмон 3,0%, нақлиёт 0,5%, хӯроки ҷамъият 0,1%, хизматрасонӣ 7, 3%, савдои хориҷӣ 9,9%, истеъмол 42,2%, ва дигар соҳаҳо 2,8 дарсадро ташкил додааст.

– Бақияи сандуқи қарзии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар гардиш ва рушди иқтисодиёти минтақа иштирок доранд, ба санаи 30 июни соли 2023 маблағи 1,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 40,6% ва ё 506,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь