ДарвилоятиДашоғузиТуркманистонболоравиинархимаҳсулотиғизоӣвамолҳоидигарҳанӯзҳамидомадорад.
Рӯзи 12-уми сентябр дар “бозори сиёҳ”-и Туркманистон як доллар 20,6 – 21 манат хариду фурӯш шудааст. (Арзиши расмии 1 доллар 3,5 манат аст).
Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, 12-уми сентябр дар бозорҳои Дашоғуз 1 кило помидор 10-15 манат, 1 кило сабзӣ 10 манат, 1 кило тарбуз 4 манат буд. Дар ҳоле ки як ҳафта пеш 1 кило помидор 9 – 10 манат фурӯхта мешуд.
Дар бозорҳои Дашоғуз нархи маҳсулоти ширӣ низ боло рафтааст. Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, нархи донагӣ ва меваи хушк низ хеле гарон шудааст. 1 кило чормағз 200 ва 1 кило зардолуи хушкро 80 манат мефурӯшанд.
Нафақахӯрони Дашоғуз мегӯянд, пули нафақаи онҳо, ки каме бештар аз 250 манат аст, ҳатто ба ғизо намерасад.