Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар 8 ҳазору 298 нафар муроҷиат карданд, ки 29 адади онҳо зангҳои бардурӯғ ва 88 адади дигар хабарҳои бенатиҷа мебошанд.

Директори Маркази ёрии таъҷилли тиббии шаҳри Бохтар Маҳмадсодиқ Абдуллозода ба “Фараж” хабар дод, ки дар ин давра дар маҷмуъ 8298 нафар ба марказ муроҷиат карданд, ки аз он  6 ҳазору 206 тариқи зангҳои телефонӣ мебошад.

Ба гуфти ӯ, то ҳол аз ҷониби шаҳрвандон ба Маркази ёрии таъҷилӣ тамосҳои беасос ва дурӯғ мешавад, ҳангоме ки кормандон ба ҷойи  гуфтаи онҳо мераванд,  мефаҳманд, тамосҳо беасосанд, ё телефоне, ки тамос гирифта  буд, хомӯш аст.

Дар ин мудат аз ҷониби шаҳрванон 29 ҳолати занги бардурӯғ ва 88 хабари бенатиҷа шудаст, ки ин боиси саргаронии кормандони марказ мегардад.

Манбаъ илова кард, ки дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар 119 нафар шабонаруз ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонанд.

Маҳмадсодиқ Абдуллозода иттилоъ дод, ки айни замон дар марказ 12 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ҳаст, ки аз онҳо 7 ададаш​ ​ дар ҳалати корӣ буда, ду адади дигар дар таъмиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь