Дар арафаи  таҷлили иди касбии Рӯзи милитсияи тоҷик сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия  Нозимзода Файзулло ва раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3503 Кушнҳои дохилии ВКД дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир намуда, онҳоро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфтанд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки роҳбарияти олии кишвар, хосатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва роҳбарияти ВКД ҷиҳати шароити буду боши кормандони мақомоти милитсия пайваста таваҷҷӯҳи зиёд доранд.

Барои хизмати садоқатмандонаи афсарону сарбозон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дастархони идона ороста шуда, аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳангӣ шаҳр барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь