Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар давоми се моҳи соли ҷорӣ 52 ҳолати бастани ақди никоҳи навхонадорон нисбати ҳамин давраи соли 2020 кам гардидаст.

Аз Шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар ба “Фараж” гуфтанд,ки давоми се моҳаи соли ҷорӣ аз ҷониби ин ниҳод 127 ҳолати бастани ақди никоҳ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли қабл 52 адад кам мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки инчунин дар давраи ҳисоботӣ 43 ҳолати бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки 38 адад тариқи ҳалномаи суд ва 5 ҳолат бо розигии ҳамсарон, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд, ба қайд гирифта шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь