Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло дар арафаи Соли нави мелодӣ   ба дидорбинии сарбозони қисми низомии 0336 Раёсати кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва қисми низомии 07256 Комендатураи гарнизони Хатлон дар шаҳри Бохтарро рафт.

Аз МИМҲД- и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳр муҳтарам Баротзода Файзулло, бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ, аз ҳолу рӯзгори  сарбозону афсарони қисми низомии  0336 ва 07256- шаҳр дидан карданд.

Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ раиси шаҳр ҳамаи ҳайати шахсии қисмҳои низомиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади раҳнамоии ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун масъулияти муҳим, хизмати ба Ватан-Модар ба онҳо, муваффақиятҳо таманно намуд.

Ба сарбозону афсарон қисмҳои низомии  0336 Раёсати кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва қисми низомии 07256 Комендатураи гарнизони Хатлон дар шаҳри Бохтар аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар туҳфаҳо ва дастархони идона ороста шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь