Чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бар асари сӯхтор дар манзили истиқоматӣ се нафар – падар ва ду фарзанди ноболиғаш ба ҳалокат расиданд.
Як манбаъи бо эътимод бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Фараж” гуфт, ки ҳодисаи сӯхтор рӯзи 27-уми март дар манзили истиқоматӣ онҳо рух додаст.
– Дар ин ҳодиса падар бо ду фарзандаш ба ҳалокат расиданд, – гуфт манбаъ ва афзуд, ки фавтидагон шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд.
То ҳол назари мақомот дар бораи омилҳои сар задани сӯхтор ва зарари он маълум нест.
Дар ҳолати дастрас шудани маълумоти бештар хабар такмил хохад шуд.
Блоки рекламавӣ