Дар қисмати навсохти бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар оташсӯзӣ шуд.
Дар ҶДММ бозори Фаровони шаҳри Бохтар, дар қисмати фурӯши равғанҳо, нимаи дуюми имрӯз сӯхтор сарзада, чанд бинои навсохтро фаро гирифт. Тибқи иттиллои фурушандагони бозор ҳангоми корҳои кафшергарии сохтмончиён аз беэҳтиётии онҳо шарораи оташи кафшергарон боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Гуфта мешавад, ки касе дар ин сӯхтор осеб надида, оташ сари вақт хомӯш карда шудааст.
Андешаи масъулини бозор ва намояндагони хадамоти оташнишонии шаҳр дастрас нест.
Бояд гуфт, ки 22-юми июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ шаш моҳ пеш, дар ин бозори шаҳри Бохтар оташсӯзии шадид ба амал омада қисмати бештари бозор ба коми оташ рафта буд.
Блоки рекламавӣ