Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар насби  арчаи солинавиро шурӯъ карданд, ки баландии он 17 метр буда, паҳноиаш 8 метро ташкил медиҳад.

Сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороиши шаҳри Бохтар Миралишои Сайфиддин гуфт, ки ҳар сол арчаи солинавӣ дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ насб карда мешуд.

– Имсол он дар назди театри Атто Муҳаммадҷон насб карда мешавад. – Барои ороиши арчаи солинавие, ки шаҳри Бохтарро зиннат медиҳад, 50  ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд, – илова кард ӯ.

Сардори муассисаи мазкур гуфт, барои оро додани арчаи солинавӣ баргҳои  сунъӣ соли 2019 аз Чин бо харҷи наздики 100 ҳазор сомонӣ  оварда шуда буд.

Қайд гардид, ки имсол барои бозии кӯдакон дар атрофи арча кулбаҳо ташкил карда мешавад, ки барои ороиши он  ва ҳаргуна ороишоти арча 50 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь