Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкорони саховатманди ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои оилаҳои ниёзманд бинои баланошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад.
Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ва дигарон аз рафти корҳои ободоние, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар маҳалаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ҷараён доранд, дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ин маҳалла бунёди бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои ниёзманд, маъюбону ятимон, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санги асос гузошта шуд.
Блоки рекламавӣ