Муассисаҳои таълимию томактабӣ, литсейю гимназияҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар барои гузаронидани фасли зимистони солҳои 2022-2023-юм 304  тонна ангишт, 304 куб ҳезум ва дигар маводҳои заруриро харидорӣ ва захира кардаанд.

Мудири шуъбаи моарифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода гуфт, барои бе мушкил сипарӣ кардани фасли зимистони имсола  дар 21 мактаб, 15 кӯдакистон, 5 литсей ва 1 гимназияи шаҳр 304 тонна ангишт, 304 куб ҳезум, 360 литр сузишвории дизелӣ харидорӣ ва захира карда шудаанд.

Ҳамчунин,  539 печи аловӣ, 581 печи барқӣ ва 16 адад генератор дар муассисаҳои соҳаи моариф омода карда шуда, шишабандӣ 100 дарсад иҷро гардидааст.

Абдуназарзода Шоиста директори литсейи давалтии №1 шаҳри Бохтар гуфтаҳои мудирро тасдиқ ва илова кард, ки  литсей пурра ба зимистон омода аст.

Номубрда афзуд, ҳоло дар литсей 15 тонна ангишт, 15 куб ҳезум захира карда шуда, инчунин сузишвории дизелӣ, печҳои барқӣ ва аловӣ ҳама таъмин мебошанду шишабандии муассиса 100 дарсадиҷро шудааст.

Директори муассисаи таълимии №6 шаҳри Бохтар  Сафарализода Маҳмадалӣ  низ гуфт, ҳама маводи заруририро  барои бидуни мушкил сипарӣ кардани фасли зимистон харидорӣ кардаанд. Ҳоло дар анбори мактаб 15 тонна  ангишт, 15 куб ҳезум захира карда шуда,  ҳама синфхонаҳо  бо печҳои барқиву  аловӣ таъмин буда, шишабандӣ низ пурра иҷро гардидаст.

Аз Раёсати молияи шаҳри Бохтар низ иттилоъ доданд, ки барои харидории ангишт, ҳезум ва сузишворӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр  245 ҳазору 534 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 100 дарсад маблағгузори гардидаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь