Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Бохтар ба соҳаи маориф 228 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра иҷро шудааст, аммо ба гуфтаи баъзе роҳбарони муасссиаҳои томактабӣ то ҳол онҳо ҳезум дастрас накардаанд.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Ҳабибулло Иззатуллозода дар суҳбат бо хабарнигори “Фараж” гуфт, ки барои бидуни мушкил гузаронидани тирамоҳу зимистони имсола аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр ба соҳаи маорифу тандурустӣ дар маҷмӯъ ҷудо кардани 282 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он барзиёд иҷро шуд. Яъне, барои соҳаи маориф ихтисос додани 228 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра иҷро шуд. Ҳамзамон, аз ҳисоби маблағҳои барзиёди худи муассисаҳои соҳаи маориф 12 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. То кунун бо ин маблағҳо 281 тонна ангишт, 281 метри мукааб ҳезум, 320 литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ карда шудаанд, ки ин беш аз сад дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Забирзода Қурбонбӣ гуфт, ки соҳаи маориф пурра ба давраи тирамоҳу зимистони имсола омода мебошад ва барои гузаронидани ин фасл 282 метри мукааб ҳезум, 281 тонна ангишт харидорӣ ва захира карда шуда, нақшаи шишабандӣ сад дарсад иҷро шудаст.

– Барои харидани ангишт ба соҳаи маорифи шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр 197 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки он пурра ҷудо карда шуд, – афзуд мудир.

Аммо мудири муассисаи томактабии №16-и шаҳри Бохтар Идигул Абдураҳимова гуфтаҳои сардори Раёсати молия ва мудири шуъбаи маорифи шаҳрро рад карда гуфт, ки тибқи нақша бояд 5 тонна ангишт ва 5 метри мукааб ҳезум барои зимистонгузаронӣ дастрас мекарданд, аммо то имруз танҳо 5 тонна ангишт харидаанду халос.

– Мо барои харидани ҳезум бо як ширкат шартнома дорем. Ширкат мегуяд, то маблағ нагузарад, мо ба шумо ҳезум дастрас кардан наметавонем. Барои ҳалли ин мушкил ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаем, – илова кард мудир.

Мусоҳиби мо илова кард, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр танҳо барои харидани ангишт 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо шудааст, барои ҳезум тамоман маблағ ҷудо карда нашудааст, маблағи ангишт низ нисбати соли гузашта кам аст.

Мо хостем захираи ангишти ин кудакистонро бубинем, аммо хонум Идигул Абдураҳимова гуфт, иҷозат нест ва барои дидани захира бояд аз шуъбаи маорифи шаҳр мактуби расмӣ биёрем ва бо баҳонаи набудани мудири хоҷагӣ моро иҷозат надод, ки захираи зимистонаи онҳоро бубинем.

Аммо  дар  муассисаҳои давлатии таълимии томактабии рақамҳои 3, 4, 7, 9, 23 ва  24-и шаҳри Бохтар омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 хуб ба роҳ монда шуда, ба гуфти мудирони ин муассисаҳо ба қадри зарурӣ ангишт, ҳезум ва дигар маводи сухт захира карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь