Сарбози шуҷоъу далер Менеқулов Аслан Сайдуллохоновичро, ки рӯзи 14 сентябр баҳри ҳимояти марзу буми кишвар дар марзи Исфара аз тири душман ба ҳалокат расид, субҳи рӯзи 15 сентябр дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар ба хок супориданд.

Аз бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Бохтар хабар доданд, ки ҷавони шаҳри Бохтар Менеқулов Аслан Сайдуллохонович зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар хати сарҳади шаҳри Исфара дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ  шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи 14  сентябри соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид.

Гуфта шуд, ки ӯро рӯзи 15 сентябр дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар ба хок супориданд.

Аслан 3-юми  августи соли 2003  дар шаҳри Бохтар  ба дунё омадааст. Марҳум соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст.

Корномаи ин ҷавони ватандӯст барои ҳазорон ҷавонони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист. Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидою ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь