Рӯзи 18-уми майи соли 2023 бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими гузоштани санги асоси бинои маъмурии қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД баргузор гардид.

Бинои маъмурӣ аз чор ошёна бо таҳхона иборат буда, дар он инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла дар ошёнаи якум ситоди қисми ҳарбӣ ва дар ошёнаи дуюм, сеюм ва чорум хобгоҳҳои сарбозон, утоқҳои кории афсарон, инчунин утоқҳои фароғатӣ-маишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти навсохтмон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ташаббуси мазкур шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва бахусус ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки иншооти мазкур бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь