Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳ таҳти унвони «Дар сисёсати Пешвои миллат устуворем» баргузор гардид.

Чорабинии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар  нахуст бо роҳпаймоии 20 ҳазор нафар аз назди терминали мусофирбари шаҳри Бохтар то ба майдони 70-солагии Водии Вахш оғоз гардид.

Сипас дар майдони 70-солагии водии Вахши шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, роҳбарони чанде аз ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонону сокинони касбу кори гуногун иштирок карданд.

Дар ин чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъоли вилоят бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба хотири саҳми босазо гузоштан дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи ҷавонон, фаъолияти назаррас дар самти кор бо ҷавонон сарфароз гардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь