Солҳои охир бо дасгирии ҳукумати кишвар, Вазорати нақлиёт, сармояҳои хориҷӣ,  мақомоти маҳаллию  соҳибкорон беш аз 30 километр роҳҳои мошингарди маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Бохтар Юсуфзода Бузургмеҳр гуфт, дар доираи лоиҳаи тармим ва таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳри Бохтар аз тарафи Дирексияи сохтмонии дастгоҳи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ёрдами Ҷумҳурии Халқии Чин 26.3 км роҳҳо дар  31 кӯча ва хиёбонҳои шаҳр  5 пули мошингузар, 1гузаргоҳи зеризаминӣ, як ҷуфт чароғаки роҳнамо ва зиёда аз 350 аломати роҳ дар маҷмуъ бо харҷи  107 млн сомонӣ  дар доираи  ҷашни 30 солагии Истиқлолият  сохта ба истифода дода шуд.

Қайд гарид, ки дар доираи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлати кишвар бошад имсол  дар маҳаллаи Хатлон зиёда аз 2 км роҳ мунфарш карда шуд. Ҳамчунин аз тарафи буҷети маҳаллӣ   роҳи маҳаллаи Ваҳдат ва дигар маҳалаҳо мумфарш карда шудаанд.

Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бошад зиёда аз 2  км роҳҳои маҳаллаҳои шаҳр мумфарш карда шуда,  инчунин зиёда аз 2 км роҳи маҳаллаи Ҳ.Шариф таъмири асосӣ карда шуда, таъмир дар дигар  роҳҳо бо маром идома дорад, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь