Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин  ба хонаи Аловуддин Абдуллозода, шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар, аълочии соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон” меҳмон шуда, ҳамсари ӯро,  ки айни ҳол чун омӯзгор кор мекунад,  ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар  табрик гуфта, ба ӯ тани сиҳат, иқболи баланд, осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу кард.

Раиси шаҳр аз ҳунарҳои шоёни шодравон ёдовар шуда, лаҳзае худро дар  олами эҷоди ин ҳунарманд эҳсос кард. Бо ҳамсар ва фарзандони шодравон сӯҳбат карда аз ҳунару маҳорати падар ёд оварданд.

Раиси шаҳр иброз дошт, ки дар машҳур шудани Аловуддин Абдуллозода  ва расидан ба ин зинаҳои муваффақият саҳми ҳамсари ӯ назаррас мебошад.

Дар охир ҳамсари Аловуддин Абдуллозода барои таваҷҷуҳ ба хонаводаи онҳо миннатдорӣ баён карда, иброз дошт, ки дар оянда фарзандон низ мисли падарашон ба халқу ватан хизмат карда, саҳми арзанда мегузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь