Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар солҳост, ки мардум худсарона роҳҳои пиёдагардро банд карда ба савдои кӯчагӣ машғул буданд. Ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки пеши роҳи савдои кӯчагиро гирифта, пиёдароҳҳоро озод кунад.

Аз ҳукумати шаҳр ба ” Фараж” хабар доданд, ки барои озод кардани пиёдароҳҳо аз савдои кучагӣ қарори раиси шаҳр ба тасвиб расидаст.

Гуфта шуд, ду рӯз аст, аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор гуруҳи корӣ ташкил шуда, атрофи бозори “Фаровон” ва дигар кӯчаҳоро аз савдои кучагӣ озод мекунанд.

– Баъзе аз  сокинон худсарона дар пиёдароҳаҳо нуқтаи фурӯш ташкил карда буданд, ки барои рафтуомади пиёдагардон монеа эҷод мекард. Ҳоло гуруҳи корӣ ба бартараф кардани ин монеаҳо машғуланд, – гуфтанд аз ҳукумати шаҳр.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь