Дар чанде аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар сокинон аз набудани партовгоҳи муайян ва дар як ҳафта як бор бурда шудани партовҳои ҷамъшудаашон аз ҷониби Корхонаи хоҷагии комуналии шаҳри Бохтар нигарон намуда, ҷамъшавии онро зиёновар ба вазъи экологӣ ва саломатии  худ медонанд.

Дар кӯчаи “Вализода”-и маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар партовгоҳи муайян нест. Сокинон партовҳои худро тӯли як ҳафта ҷамъ намуда, дар хона нигоҳ медоранд ва охири ҳафта пушти дарҳои худ мегузоранду масъулини Корхонаи хоҷагии комуналии шаҳр партовҳои ҷамъшударо аз пушти дари сокинон мегиранд. Сабоҳат Садамова, сокини ин маҳалла, бо изҳори норозигӣ гуфт, ки кормандони хоҷагии комуналии шаҳр масъулияти худро сари вақт иҷро намекунанд.

-Аз сабаби набудани партовгоҳ дар ин кӯча мо маҷбур мешавем, ки тӯли як ҳафта ҳама партовҳоро дар хона нигоҳ дорем ва танҳо охир ҳафта партовҳои ҷамъшударо мебаранд, ки ин вазъ ба саломатӣ ва вазъи экологии мо таъсири манфӣ мегузорад. Ба хусус дар фасли тобистон таҳамулли ин ҳол бисёр нохушоянд аст, – изҳор дошт Сабоҳат Садамова.

Мусовев Абдулқосим, роҳбари Корхонаи хоҷагии комуналии шаҳри Бохтар, баён намуд, ки норасоии кадрӣ, маоши кам ва қарздории сокинон боиси ҷамъ шудани партовҳо ва сари вақт иҷро нагардидани масъулияташон гардидааст.

– Аз рӯи  меъёри муайянгардида мо бояд ҳамарӯза партовҳоро ҷамъ намоем, вале барои фаъолияти пурра ва саривақтии корхонаи мо мутахассисон намерасанд, зеро кам будани маош ва кори зиёд боис мегардад, ки кормандони тарки вазифа  кунанд. Корхонаи мо худмаблағгузор буда, сокинони шаҳр сари як нафар солона 51 сомонӣ бояд супоранд, ки аз ин сари як нафар дар хонаҳои баландошёна 4сомониву 25 дирам дар як моҳ ва хонаҳои назди ҳавлигӣ бошад 6 сомониву 92 дирам рост меояд, вале қарздории сокинон назди корхонаи мо соли равон  1милиону 500 ҳазор сомониро ташкил намуд. Тибқи оморе, ки мо дар даст дорем, 126 ҳазор оилаҳо дар шаҳри Бохтар истиқомат мекунанд, вале 55 ҳазор аҳолӣ ҳақи хизматрасонии хоҷагии комуналиро месупоранд халос. Агар сокинон маърифати шаҳрнишиниро риоя намуда, сари вақт ҳақи хизматрасониро супоранд, мо низ дар навбати худ сари вақти масъулияти худро иҷро мекунем, – гуфт Абдулқосим Мусоев.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь