Нақшаи қисми дармади буҷети шаҳри Бохтар давоми ду моҳи соли ҷорӣ 105 дарсад таъмин гардида, ба буҷет беш аз  1 миллиону 812 ҳазор сомонӣ  зиёд  маблағ ворид карда шудааст, аммо то ҳол дар шаҳр беш аз 7 миллиону 610 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст.

Сардори Нозироти андози шаҳри Бохтар Назарализода Зуҳуршо гуфт, нақшаи андози шаҳр дар ду моҳи соли равон 36 миллиону 174 ҳазору 800 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 37 миллиону 812 ҳазору 929 сомонӣ иҷро шуда, ба буҷет зиёда аз 1 миллиону 812 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шуд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, то аввали соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар 7 миллиону 778 ҳазору 526 сомониро ташкил медод, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ беш аз 167 ҳазор сомонӣ кам карда шуда, ҳоло 7 миллиону 610 ҳазор сомонӣ бақияи қарз  дар шаҳр мавҷуд аст.

– Бештари бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтар аз КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр,  Корхонаи давлатии фаръии обу корези шаҳри Бохтар ва чанд корхонаи дигар  мебошад, – илова кард Назарализода Зуҳуршо.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь