Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар беш аз 11 ҳазору 450 нафар муроҷиат кардаанд, ки ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, аммо аз ин муроҷиатҳо 33 ҳолаташ зангҳои бардурӯғ мебошанд.

Директори Маркази мазкур Файзализода Содиқҷон иттилоъ дод, ки давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар 11 ҳазору 455 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора ба 8 ҳазору 337 нафарашон хизматрасонӣ бо воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷлии тиббӣ расонида шуда,  3 ҳазору 118 нафари дигар худашон  ба Марказ муроҷиат карданд.

– Аз ин шумора ба беморхонаи вилоятӣ 781 нафар, беморхонаи шаҳрӣ 29 нафар, Маркази бемориҳои нашъамандӣ 8 нафар, Маркази бемориҳои равонпизишкӣ 3 нафар, Маркази бемориҳои саратоншиносӣ 8 нафар, Маркази бемориҳои ҷарроҳӣ як нафар ва нуқтаи омебшиносӣ 12 нафар бурда шудаанд, – афзуд номбурда.

Қайд гардид, ки то кунун баъзе аз сокинон дидаву дониста ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар тамосҳои бардурӯғ мекунанд. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба маркази мазкур 33 ҳолати зангҳои бардурӯғ шудааст, ки ин боиси сарсониву саргардонии табибони марказ ва масрафи сӯзишворӣ мегардад.

Дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар  119 корманд, ки аз онҳо 21 нафарашон табибон мебошанд, шабонарӯз ба аҳолии шаҳр ва шаҳру ноҳияҳои атроф хизмати тиббӣ мерасонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар марказ 12 мошини ёрии таъҷилӣ мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 6 ададаш коршоям, 4 ададаш таъмирталб ва 2 адади дигараш корношоям мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь