Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон  Ғафуровро бо сабаби мувофиқ набудани қаду бари тандисва фарсудагии таҳкурсии он иваз карда, тандиси навашро, ки ҳайкалтарошон Қиматшо Чоршанбеев ва Алиҷон  Назаров сохтаанд, дар паҳлуи чапи бинои ҳукумати шаҳри Бохтар насб карданд.

Сардори  идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Комрон Гулов ба “Фараж” хабар дод, ки омили асосии иваз кардани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, ин эрод гирифтани намояндагони ВАО нисбати қаду бар ва монанд набудани он ба қаҳрамони халқи тоҷик мебошад.

Гуфта шуд, ки муҷасамаи пешинаи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 3,5 метр баландӣ дошт. Муҷассамаи нав 5 метр баландӣ дорад ва симои он пурра ба ин қаҳрамон монанд аст.

– Барои аз нав кардани ин муҷассама соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр беш аз 170 ҳазор сомонӣ  ҷудо карда шуд, – гуфт ӯ ва афзуд, ки муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро дар шаҳри Душанбе ҳайкалтарошон Қиматшо Чоршанбеев ва Алиҷон Назаров тарошиданд.

Зикр карда шуд, ки муҷассамаи нави  Бобоҷон Ғафуров аз ду қисмат иборат мебошад, ки он дар паҳлуи чапи бинои ҳукумати шаҳри Бохтар насб карда шуд.

Бояд гуфт, ки  раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар яке аз нишастҳои матбуотии худ  аз фарсуда шудани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, номувофиқии қаду бари ҳайкал ва харобии таҳкурсии он нигаронӣ карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь