Дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуровро бо сабаби мувофиқ набудани қаду бари ҳайкал ва фарсудагии таҳкурсии он иваз мекунанд.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзодадар яке аз нишастҳои матбуотии худ аз фарсуда шудани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, номувофиқии қаду бари ҳайкал ва харобии таҳкурсии он нигаронӣ карда буд. Он замон раиси шаҳр зикр карда буд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар паҳлӯ ба паҳлӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, ки солҳои 90-ум сохта шудааст, ҳоли хароб дошта, ба ақидаи коршиносон, ба талаботи ҳайкалтарошӣ мутобиқат намекунад.
Сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар Комрон Гулов ба “Фараж” хабар дод, ки омили асосии иваз кардани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, эроди намояндагони ВАО нисбати қаду бар ва монанд набудани тандис ба ин қаҳрамони халқи тоҷик мебошад.
Гуфта шуд, ки муҷассамаи пешинаи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 3,5 метр баландӣ дошт, муҷасамаи нав 5 метр баландӣ дорад ва симои он пурра шабеҳи Ғафуров аст.
– Барои аз нав кардани ин муҷассама аз ҳисбои маблағҳои буҷети шаҳр 170 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, – гуфт ӯ ва афзуд, ки муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро дар шаҳри Душанбе супориш додаанд, ки онро ҳайкалтарошон Қиматшо Чоршанбев ва Алиҷон Назаров сохтанд.
Зикр карда шуд, ки муҷассамаи нави Бобоҷон Ғафуров аз ду қисмат иборат мебошад, ки он омода ба шаҳри Бохтар оварда шудааст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки ҷойи муҷассамаи пешинаи Бобоҷон Ғафуров, ки дар паҳлӯи бинои ҳукумати шаҳр аст, мувофиқ нест, аз ин рӯ бояд муҷасамаи нав дар дигар мавзеъ ҷойгир карда шавад.