29-уми май Суди шаҳри Бохтар ду масъули марказҳои дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион”-и шаҳри Бохтаро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия барои батанзимдарории фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ аз рӯи талаботи қонунгузорӣ нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъйин кард.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ дододаст, ки шаби 28-уми майи соли ҷорӣ, соати 23:30 зимни баргузории як чорабинии мақсаднок муайян карда шуд, ки масъулони марказҳои дилхӯшии «Рауфӣ» ва “Лион”-и шаҳри Бохтар тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, оддитарин талаботи қонунгузориро риоя намекунанд. Бар замми ин, масъулини марказҳои дилхӯшии болозикргардида ба ҷои ислоҳи камбудиҳо новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ фаъолияти хизматрасониро берун аз реҷаи муқарраргардида идома додаанд.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон Бобоалиев Фирдавс Ҳазратқулович санаи таваллудаш 01.07.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ваҳдат, раиси маркази дилхушии «Рауфӣ»; Алимов Абдулвоҳид Абдусодирович санаи таваллудаш 29.09.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи А.Расулов маъмури маркази дилхушии “Лион” протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди шаҳри Бохтар ирсол карда шуд.
Суди шаҳри Бохтар ду масъули марказҳои дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион”-и шаҳри Бохтаро барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ аз рӯи талаботи қонунгузорӣ нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.